Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 24-сола барои қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 5-уми августи соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар кӯчаи Ҷомии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Айнӣ ҷангу ҷанҷол намуда, бо мушт ба рӯяш зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Мувофиқи санади тибби-судӣ ҷароҳати ҷисмонии бардоштаи ҷабрдида мансуб ба дараҷаи вазнин ба саломатӣ мебошад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад. 

12.08.2025 8:49
17