Ҳалокати ронандаи «Скутер» дар садамаи нақлиётӣ
9-уми августи соли 2025, тахминан соати 17:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Ғаниев Далер Маҳмадисуфович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Бустон ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди назди бинои 2-и шаҳри Бустон аз ӯҳдаи воситаи нақлиётиаш набаромада, бо дучархаи «Скутер» таҳти идораи ронанда, Ҷумаев Шарифҷон Мухторович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Б.Ғафуров бархурадааст.
Дар натиҷа дучархарон Ҷумаев Ш.М. аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.














