Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ду ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза марди 53-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми августи соли 2025, тахминан соати 13:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди мағозаи “Арзон”, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун аз дохили сумкааш 14 ҳазору 850-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 46-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи июли соли 2025, тахминан соати 08:30-дақиқа, ба хонаи маъшуқааш зани 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд рафта, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

08.08.2025 8:43
23