Рух додани ҳодисаҳои нақлиётӣ бо оқибати нохуш
6-уми августи соли 2025, тахминан соати 05:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ Ласетти», Маматшехов Ҷаҳонгир Баҳодирович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Спитамен ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Ҷанок» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмоии ноҳияи Ҷ.Расулов бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, дар канори чапи роҳ ба дарахтони дар он ҷой буда бархурдааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Петров Владислав Юриевич, соли таваллудаш 2004 ва Гарипов Меҳроҷиддин Мансурович, соли таваллудаш 2004, сокинони ноҳияи Спитамен аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда Маматшехов Ҷ. ва мусофирони дигари автомашинаи мазкур Юсупов Муин Тоҷиддинович, соли таваллудаш 2004 ва Бобоҷонов Авазҷон Қобилҷонович, соли таваллудаш 2003, сокинони ноҳияи Спитамен ҷароҳати ҷисмони бардошта дар беморхона бистари гаштаанд.
Оид аб ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

















