Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздии телефони мобилӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 5-уми августи соли 2025, тахминан соати 03:00, бо ҳамроҳи рафиқаш Муҳаммад ном шахс бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз онҷо 3-адад телефонҳои мобилии гуногун тамғаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Барои муайян ва дастгир намудани Муҳаммад ном шахс чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

07.08.2025 8:34
17