НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВКД: Намояндагони ВАО аз натиҷаи он изҳори қаноатмандӣ намуданд
Имрӯз (7 август) дар маҷлисгоҳи ВКД нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи аввали соли 2025 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва доираи васеи рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ нахуст намояндагони васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкории судманд дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва пешгирии амалҳои хилофи қонун миннатдорӣ баён намуд. Зикр гардид, ки давоми 6 моҳи соли равон фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ ба таври васеъ инъикос гардид, ки дар ин ҷода заҳмати масъулини ВАО назаррас мебошад. Мақомоти корҳои дохилӣ дар сафи пеши мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ қарор дошта, кафили суботу оромӣ ба шумор меравад ва кормандони милитсия дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ роҳбари аввали ВКД доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 муфассал маълумот дод. Гуфта шуд, ки дар 6 моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 13089 (2024 - 11804) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1285 ҷиноят зиёд мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо 72 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он - 28 ҳолат, роҳзанӣ - 20, ғоратгарӣ - 57, таҷовуз ба номус - 24, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 64, авбошӣ - 762, қаллобӣ - 2356, дуздӣ - 2182, тамаъҷӯӣ - 33 ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 486 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 283 адад силоҳи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид.
Дар ин давра 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 23 нафар барои содир намудани 73 ҷиноят ошкор карда шуданд. Ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 176 кг воситаҳои нашъадор ва 7700 адад ҳабҳои синтетикии мадҳушкунанда мусодира карда шуд.
Дар ин давра, аз тарафи ноболиғон 333 ва ҷавонон бошад, 1574 ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 216 ҳолати монеъ шудани падару мода рва шахсони онҳоро ивазкунанда барои гирифтани таълимоти миёнаи умумии ҳатмӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин, тавре иттилоъ дода шуд, дар ин давра дар ҷумҳурӣ 495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ муайян ва ошкор карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ, бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 нафар ба ҳалокат расида, 224 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ҷумҳурӣ 564 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 ҳолат зиёд мебошад. Дар натиҷаи сӯхторҳо 14 нафар шаҳрвандон фавтидаанд, ки аз инҳо 6 нафарашон ноболиғ мебошанд ва аз коми сӯхтор ҳаёти 87 нафар шаҳрвандон наҷот дода шудааст. Маблағи зарар аз сӯхторҳо 15 миллиону 662 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои вазъи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, ошкору пешгирии ҷиноятҳои муташаккил, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, шиканҷа, худкушӣ, савдои одамон, чораҳои андешидашуда нисбати ноболиғони ба ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо дастзада, пешгирии нашъамандӣ, қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, амалҳои коррупсионӣ, фаъолияти оташнишонон ва дастовардҳо дар ин самт, бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар масоили мубрам, ба Вазири корҳои дохилӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан рӯзноманигорон дар робитаи қавӣ қарор дорад.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод, самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузаронида шуда, рӯзноманигорон аз баргузории он изҳори қаноатмандӣ намуданд.



















