Варақаи матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии Вазорати корҳои дохилӣ дар 6 моҳи соли 2025
Дар 6 моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 13089 (2024-11804) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1285 ҷиноят зиёд мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо 72 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 28 (2024-41), роҳзанӣ – 20 (2024-11), ғоратгарӣ – 57 (2024-33), таҷовуз ба номус – 24 (2024-17), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 64 (2024-61), авбошӣ – 762 (2024-776), қаллобӣ – 2356 (2024-1820), дуздӣ – 2182 (2024-2036), тамаъҷӯӣ 33 (2024-20), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 486 (2024-368) ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Дар ин давра 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 23 нафар барои содир намудани 73 ҷиноят ошкор карда шуданд.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 283 (2024-297) адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 176 кг (2024-2 тоннаву 089гр) воситаҳои нашъадор ва 7700 адад ҳабҳои синтетикии мадҳушкунанда мусодира карда шудаанд.
Аз тарафи ноболиғон 333 (2024-332) ва аз тарафи ҷавонон бошад 1574 (2024-1604) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 216 ҳолати монеъ шудани волидон барои гирифтани таълимоти ҳатмӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҷумҳурӣ 495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ муайян ва ошкор карда шуд.
Бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 нафар ба ҳалокат расида, 224 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд.
Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи ҳодисаҳо 112 адад, маҷрӯҳшудагон 141 нафар ва ҳалокшудагон 43 нафар зиёд шудааст.
Дар ҷумҳурӣ 564 (2024-497) ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 ҳолат зиёд мебошад. Дар натиҷаи сӯхтор 14 (2024-9) нафар шаҳрвандон фавтидаанд, ки аз инҳо 6 нафарашон ноболиғ мебошанд ва аз коми сӯхтор ҳаёти 87 нафар шаҳрвандон наҷот дода шудааст. Маблағи зарар 15 миллиону 662 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Барои гирифтани маълумоти муфассал тавассути рақами телефони 985-92-02-02 ба сардори Маркази матбуоти ВКД подполковники милитсия Маҳмадзода Нусратулло муроҷиат намоед.
















