Ҳалокати пиёдагард дар ҳодисаи нақлиётӣ
5-уми августи соли 2025, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи воситаи нақлёти барқии тамғаи “Айён”, Ғафуров Суҳроб Давлатбегович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми аз самти шаҳри Ҳисор ба самти шаҳри Душанбе воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳаракат намуданаш бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда пиёдагард, Давлатов Толибҷон Муродович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Муъминободро пахш намудааст.Дар натиҷа пиёдагард Давлатов Т.М. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.














