Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонуни ҳай карда бурдани автомашина

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми майи соли 2025, тахминан соати 20:20-дақиқа, марди 29-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҷойи кораш нуқтаи шустушӯй автомобилҳо аз беаҳамиятии ҷабрдида истифода бурда, автомашинааш тамғаи “Лексус”-ро ғайриқонунӣ ронда, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Д.Халқҳо аз тарафи кӯчаи А.Дониш ба самти кӯчаи Беҳзод дар муқобили ошхонаи “Дӯстон”, беэҳтиётӣ ва худбовари зоҳир намуда, фосиларо риоя накарда, ба автомашинаи тамғаи “Тайота Камри”, таҳти идораи марди 32-солаи сокини пойтахт, ки ҳарду ба як самт ҳаракат мекарданд бар хурдааст. 
Дар натиҷа ҷабрдида ба соҳибмулкони автомашинаҳо ба маблағи 38 ҳазору 823-сомонӣ зарари калон расонидааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

06.08.2025 8:53
27