Ифшо шудани ҳодисаи дуздии чорво
Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 57-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки 28-уми июли соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи Саймири воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод 10-сар аспи калону майдаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 53 ва 35-солаи сокинони шаҳри Роғун ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















