Боздошти марди 44-сола барои авбошӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 27-уми июли соли 2025, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи А.Навоии шаҳри Истаравшан қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҳамсояаш марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагидори ба бадани ҷабрдида зарба зада ҷароҳати ҷисмони расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















