Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамдеҳа

Ба ШВКД дар ноҳияи Кушониён аризаи марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 27-уми июли соли 2025, тахминан соати 20:00, ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия дар роҳи мошингарди назди манзили истиқоматиашон бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, ҷабрдидаро зери лату куб қарор додааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

04.08.2025 8:23
19