Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъини Ҷумҳурии Мардумии Чин
2-юми августи соли 2025 дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманду ҳамҷавори ду кишвари ба ҳам дусту ҳамсоя Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Го Жичун доир гардид.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъин Го Жичунро барои ташрифашон ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, барои таъин гардиданашон ба ин маснади пурмасъулият табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо тамано кард.
Зимни сӯҳбат роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори андеша намуда қайд кард, ки Роҳбари давлати мо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкориҳои судманди ин ду сохтори таъминкунандаи амнияту тартибот диққати аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.
Дар ҳамбастагӣ баҳри пешрафту қавӣ гардидани ин ҳамкориҳои судманд ва пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, муборизаи беамон бурдан бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин мубодилаи иттилоот ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигарро роҳандозӣ намуда истодааст.
Минбаъда дар ин ҳамкориҳо тақвият ёфта, баҳри таъмини амну бехатарӣ ва осудахотирии мардумони ҳарду кишвар хоҳанд шуд.
Дар навбати худ сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъин Го Жичун аз пазироии гарму самимии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро арзи сипос намуда, изҳор намуд, ки дустиву рафоқати Сарварони ин ду кишвари бо ҳам дусту бародар қалбҳои мардумонамонро бо ҳам гарму наздик намудааст.
Ӯ қайд кард, ки баҳри пояндагии дустиву рафоқат, оромиву осоиштагии мардумонамон ва боз ҳам қавӣ гардидани ин ҳамкориҳои судманд мо ҳамеша омода ҳастем.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо баҳри рушду қавӣ гардидани ҳамкориҳои дуҷониба ва пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, инчунин таъмини амнияти халқи ду давлати бо ҳам дусту ҳамсоя изҳори боварӣ намуданд.















