Даст ба авбошӣ задани марди қаблан судшуда
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 60-солаи сокини шаҳри Исфара пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 29-уми июли соли 2025, тахминан соати 10:00, дар назди мағозаи «Субҳи Чоркуҳ»-и маркази ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри мазкур қарор дошта, бо марди 42-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол ва ҳақорату дашном намуда, бо корди хоҷагӣ ба қисми пеши қафаси синааш як маротиба зарба зада ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















