Ифшо шудани ҳодисаи дуздӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 16 ва 14-солаи сокинони шаҳри Бустон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Гумонбаршавандагон 18-уми майи соли 2025, тахминан соати 10:00, бо маслиҳати пешакӣ ба хонаи истиқоматии ноболиғи 14-сола рафта аз он ҷо 5-адад ҷавоҳироти тиллоии модараш зани 41-солаи сокини ҳамон ҷоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 27 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















