Дастгир гардидани ҷавони 23-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо ҳамроҳии ду нафар шахсони ба тафтишот номаълум, 21-уми апрели соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар тангкӯчаи назди боғчаи кӯдаконаи №3-и шаҳри Норак собиқ шавҳари апааш марди 28-солаи сокини шаҳри Норакро дида аз рӯи хусумати доштааш бо истифодаи зӯроварӣ, бо роҳи ошкоро аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи “Редми-13 Про” арзишаш 4 ҳазор сомонӣ мебошад, тасарруф карда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳури Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


















