Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдори қаллобии марди 41-сола 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 41-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов моҳи апрели соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии директори ҶДММ «Чӯҷаи Байзо»-и сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз 21-уми апрел то 26-уми июни соли 2025, аз ҶДММ-и мазкур маҳсулотҳои хӯрокаи омехтаи парандаро ба маблағи 1 милиону 290 ҳазор сомониро харидори карда то ҳол маблағашро пардохт накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

31.07.2025 8:34
52