Дастгир гардидани ҷавони 20-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо ҳамроҳии рафиқонаш бо номҳои Дилшод ва Парвиз 20-уми июли соли 2025, тахминан соати 06:30-дақиқа, ҳангоми дар дохили нуқтаи фуруши нушокиҳои спирти, воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе қарор доштанашон бо роҳи зӯроварӣ аз дасти марди 31-солаи сокини шаҳри Кӯлоб 4 ҳазору 300-сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















