Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона дар  СХДО ВКД

Ба муносибати ҷашни 97-солагии таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим, роҳбарияти Сарраёсат, ҳайати кормандони Дастгоҳи марказӣ, собиқадорони соҳа ва меҳмонон чорабинии тантанавии идона доир гардид.
Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат муовини Вазири корҳои дохилӣ маҷлиси тантанавиро оғоз намуда,  ба иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми кормандони соҳа табрикоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ироа намуда, ба кормандони соҳа дар фаъолияти касбиашон бурдбориҳо таманно  намуд.
Сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Мирзозода Рустам низ дар маърузаи худ ҳозиринро ба муносибати Иди касбӣ табрику таҳният намуда, аз давраҳои  таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дастовардҳову рушду инкишофи он то ин замон ёдоварӣ намуд. Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои созандаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва саъю кӯшишҳои доимии роҳбарияти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ин ниҳод ба як хадамоти боэътимод, кафили ҳифзи ҳаёту саломатии одамон ва ҳимоятгари моликияти давлативу хусусӣ аз сӯхтор, инчунин ба яке аз фаъолтарин сохтори мақомоти корҳои дохилӣ мубаддал гардид. 
Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар давраҳои гуногуни таърихи фаъолияти хадамот, бахусус дар давраи муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ, ки вазнинтарин ҳодисаҳои сӯхтор дар иншооти мухталифи хоҷагии халқ ва манзилу маҳаллаҳои аҳолинишин рух медоданд, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона иҷро намуда, ҳама вақт ба давлату миллат ва Савганди худ содиқ буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд.
Зиндагии имрӯза барҳақ тасдиқ мекунад, ки кормандони кунунии Хадамоти оташнишонӣ корномаи бемисли падарон, бародарон ва рафиқони хешро идома дода, ҳоло ҳам намунаи олии мардонагӣ, шуҷоат, маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дар роҳи иҷрои вазифаҳои азими ба зиммаашон гузошта ғайрату матонат зоҳир месозанд.  
Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани шароити корию маишии ҳайати шахсӣ ҳар як корманди соҳаро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд. Боиси тазаккур аст, ки имрӯз афзудани боварию эътимоди мардум ба кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва робитаи бештари онҳо бо ин ниҳод аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон, бе муболиға, дар симои онҳо ҳимоятгари молу мулки худ
ва суботу оромиро дар ҷомеа дида, ҳамкории худро бо хадамот боз ҳам бештару беҳтар менамоянд.
Воқеан ҳам, барои мо кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД аз ҳама муҳим ин боварии давлату миллат аст. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз ҳар яки мову шумо дар чунин як давлати ободу осоишта ва тинҷу ором хушҳолона зиндагӣ ба сар мебарем ва бояд ба қадри он бирасему онро доимо чун гавҳараки чамш ҳифзу ҳимоят намоем. Мо ҳамеша яке аз ниҳоди устувору тавоно ва пуштибони давлату миллатем ва доимо содиқона ба Сарвари давлату халқи худ хизмат хоҳем кард, - афзуд сардори Сарраёсат Мирзозода Рустам.
Раиси Шурои собиқадорони соҳа Бобо Зоиров ҳам аҳли толорро аз номи худ ва собиқадорону нафақахӯрони ниҳод ба муносибати Рўзи таъсисёбии хадамот табрик намуд. 
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи муовини сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Султонзода  Садриддин ба муносибати ҷашни таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва барои ноил гаштан ба натиҷаҳои баланди хизматӣ баҳри эмин нигоҳ доштани молу амволи давлатӣ аз сӯхтор, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он дар иншооти хоҷагии халқ, манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ ва фармоиши сардори СХДО ВКД  оид ба ҳавасмандгардонӣ ироа карда шуда, кормандони соҳа ва собиқадорон бо медалҳои ҷашнӣ, нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҷамшед Ниёзов, нозири калони
СХДО ВКД ҶТ         
подполковники хизмати дохилӣ

30.07.2025 13:55
128