Семинари илмӣ – амалӣ вобаста ба зуҳуроти номатлуб
29-уми июли соли 2025 дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Омӯзиши сабабу омилҳои падидаи номатлуби худкушӣ ва роҳҳои пешгирии он” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур намояндагони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинҳои сардори шуъбаҳои ВКД шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба хизмат, кормандони хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони мақомоти милитсия, намояндагони кумитаҳои кор бо оила, ҷавонон ва варзиш, масъулини соҳаи маориф, имомхатибони масҷидҳо, раисони ҷамоати деҳот ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Дар оғоз сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал - майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло вобаста ба барномаи ҷаласа таъкид дошт, ки ҳамоиши мазкур дар натиҷаи таҳлилҳои бадастомада вобаста ба амалҳои номатлуби аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шуда дар самти муноқишаҳои оилавӣ, ҳодисаҳои худкушӣ ва суйиқасд ба он роҳандозӣ гардида, ҳадафи он ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба амалҳои номатлуб ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа мебошад.
Бо сухани инфтитоҳӣ муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода баромад намуда иброз дошт, ки пешгирии зуҳуроти номатлуби муноқишаҳои оилавӣ, қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани худ ё суйиқасд ба чунин амал фаъолияти дастаҷамъонаро талаб мекунад. Таваҷҷуҳ ва корбарӣ баҳри бартараф кардани муаммои мазкур имконият медиҳад, ки оилаҳо ба созиш оянд, фазои якдигарфаҳмӣ фароҳам, муҳимтар аз ҳама сарҷамъии оила ва ҳаёти нафаре ҳифз карда шавад. Ба таъкиди муовини раиси вилоят барномаҳои зиёд дар сатҳи Ҳукумати мамлакат қабул ва мавриди корбарӣ қарор дорад, ки ҳадафи он таъмини ҳаёти шоиста баҳри шаҳрвандон мебошад.
Маърӯзаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар баробари таҳлили муқоисавии вазъи ҷинояткорӣ, ҳамзамон оид ба омори муноқишаҳои оилавӣ ва ҳодисаҳои худкушӣ ва суйиқасд ба он маълумот медод. Ҷой доштани муноқишаҳои оилавӣ ва ҳодисаҳои номатлуби қасд ба ҷони худ кардани сокинони вилоят нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ташвишовар таъкид карда шуд. Дар аксар маврид сабабу шароити мусоидаткунанда ба чунин падидаҳои номатлуб хусусияти якхела дошта, бештар ба муносибатҳои оилавӣ, мушкилот дар ҳаёти шахсӣ, ҷанҷол, ҷудошавӣ, ишқи бебарор, бевафоӣ, фавти шахси наздиктарин, танҳоӣ, беаҳмиятӣ аз тарафи шахсони атрофбуда, овоза дар бораи ҳаёти шахсӣ, нобаробариҳо дар кор ва таҳдиди аз даст додани маблағи пулӣ, бемориҳои вазнин, худмаҳкумкунӣ барои рафтори нодуруст, тарси муҷозот шудан, худкушӣ барои ҳимояи номуси худ ва ғайраҳо алоқаманд мебошанд, ки шахсони синну соли гуногун пойбанди ҳисси ноумедӣ шуда худро аз ҳаёт маҳрум мекунанд.
Албатта амалинамоии чорабиниҳои саривақтӣ ба мисли тарғиби тарзи ҳаёти солим, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ташкил ва баргузории чорабиниҳои ҳуқуқӣ метавонанд дар пешгирии кирдорҳои зидиҳуқуқӣ мусоидат ва солимии ҷомеаро таъмин намоянд.
Таҳлилҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар бисёр ҳолат муаммоҳои оилавӣ зери парда монда, ҳатто баъзан падару модар ва хешовандон аз ин ҳолат бохабар шуда бошанд ҳам, дидаю дониста канораҷӯи менамоянд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти инсонро чун дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ дахлнопазир шуморида, муқаррар намудааст, ки ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад. Аз ин лиҳоз дар баробари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеаро низ зарур аст дар ҳифзи ҳаёту саломатии аҳолӣ бетараф набошанд.
Ҳамчунин дар кори семинар сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилоят Хуршеда Хоҷазода дар мавзуи “ Пешгирии ҳолатҳои худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ дар байни занон”, раиси уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода дар мавзӯи “Пойдории оила ва нигоҳ доштани ҳурмати тарафайн байни зану шавҳар ва оқибатҳои худкушӣ аз нигоҳи дини мубини ислом" ва намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд Ҳабиба Ҳамидова дар мавзӯи “Муаррифии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои таъбиз” маърӯза намуда аҳли нишастро баҳри пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб даъват карданд.
Ҳар як баромадкунанда вобаста ба мавзӯъ мавқеъи мақомот ва соҳаи фаъолияти худро шарҳ дода, бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар маҳалла, деҳа ва ҷамоатҳоро зарур шумориданд.
Хулоса, дар ҷараёни семинари амалӣ ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он на ҳамчун ҳодисаи муқаррарӣ балкӣ ҳамчун амали ношоиста маҳкум карда шуда таъкид рафт, ки дар байни шаҳрвандон дӯстдории ҳаёт тарғиб карда шавад. Зеро ҳар як инсон, ки қобили тафаккур аст, дар баробари ҳама гуна душвориҳо бояд зиндагӣ кунад ва ташаккул ёбад.
Бо қабули қарорҳои дахлдор ва масъалагузорӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта семинар ҷамъбаст гардид.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.




























