Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти марди 53-сола бо гумони авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 53-солаи сокини ноҳияи Ёвон 22-юми июли соли 2025, тахминан соати 23:20-дақиқа, дар назди бозори марказии ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи мазкур аз ҳисиёти авбошӣ бо марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, 3-маротиба ба шиками ҷабрдида зарба задааст. 
Мувофиқи хулосаи эксперти-судӣ тиббӣ ҷароҳатҳои бардоштаи ҷабрдида дар намуди зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 ва қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

30.07.2025 8:41
41