Ошкор шудани қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи апрел соли 2024 то моҳи майи соли 2025, дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш марди 30-солаи сокини ноҳияи Ховалинг даромада, аз ӯ 4-адад автомашинаи тамғаи “Лексус ES-350”, ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ, “Тайёта Кемри-5”, ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ, автомашинаи тамғаи “БМВ”, ба маблағи 370 ҳазор сомонӣ ва як адад “Экскватор” ба маблағи 817 ҳазору 500-сомонӣ тариқи ғайри нақди ва 195 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ, ҷамъ 1 милиону 892 ҳазор 500-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағҳои пулиро бармегардонад, аммо то инҷониб маблағҳои ваъда карда шударо барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

















