Расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии падарарӯс
Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза пирамарди 72-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми июли соли 2025, домодаш марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳия ба хонаи истиқоматиаш омада бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда бо кедман ба сараш зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида мавофиқи хулосаи экспертизаи тиббӣ-судӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















