Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишҷӯёни тоҷик Донишкадаи ҳуқуқшиносии Ростови ВКД Федератсияи Россияро бомуваффақият хатм намуданд

26-уми июли соли 2025 дар шаҳри Ростови лаби Дон маросими хатми донишҷӯёни Донишкадаи ҳуқуқшиносии Ростови Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия баргузор гардид, ки як зумра шаҳрвандони Тоҷикистон низ ин донишкадаро бомуваффақият хатм намуданд.
Аз он ҷумла, Набизода Сино Маҳмадсаид донишкадаи мазкурро бо дипломи аъло хатм намуда, акнун фаъолияти хизматии худро дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.
Мавриди қайд аст, ки ҳамасола донишгоҳу донишкада ва Академияи ВКД Федератсияи Россияро даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бомуваффақият хатм намуда, ба Ватан бо сари баланд баргашта, дар мақомоти корҳои дохилӣ содиқонаю софдилона хизмат намуда истодаанд.

28.07.2025 11:33
50