Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар 

25-уми июли соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи сечархаи тамғаи электронии «Моторола», Тоштемиров Нормурод Шукурович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи саҳроии назди деҳаи Камар аз уҳдаи идораи сечарахааш набаромада, аз баланди ба поён чаппа шудааст, ки дар натиҷа ронандаи сечарха Тоштемиров Н.Ш. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофиронаш Очилов Улуғбек Юлдошевич, соли таваллудаш 1995 ва Дӯстов Сунатулло Орифҷонович, соли таваллудаш 1994, сокинони шаҳри Панҷакент ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистари гаштаанд. 
26-уми июли соли 2025, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Мирзохонов Насимҷон Алиқулович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ёвон, ки шаҳодатномаи ронандагӣ надорад, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Зафари ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Давлатов Бунёд Юлдошович, соли таваллудаш 1979, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. 
Дар натиҷа пёдагард Давлатов Б.Ю. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
26-уми июли соли 2025, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Тоиров Фирдавсхон Хайридинович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ноболиғ Маҳмадуллозода Зиёвуддин Зайниддин, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ Маҳмадуллозода З. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
26-уми июли соли 2025, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «НЕТО-Ю», Арбобов Амрулло Қудратуллоевич, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Панҷакент-Айнӣ», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дучархарони ноболиғ Назиров Алишер Мансурович, соли таваллудаш 2013, сокини шаҳри Панҷакентро пахш намудааст.
Дар натиҷа дучархарон Назиров А.М. ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
27-уми июли соли 2025, тахминан соати 01:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванта», ноболиғ  Самадов Бахтовар Раҳматхонович, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи Спитамен, ки автомашинаи мазкур ба падараш Самадов Раҳматхон Абибуллоевич, соли таваллудаш 1976, тааллуқ дорад, гирифта ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе–Хуҷанд-Чанноқ», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада аз роҳи мошингард ба тарафи рост баромада ба бетон ва баъд ба дарахт бархурдааст. 
Дар натиҷа ронанда ноболиғ Самадов Б.Р. ва мусофирони ноболиғ Примқулов Суннатулло Ӯткирович, соли таваллудаш 2010 ва Буриев Асилбек Хуршедҷонович, соли таваллудаш 2009, сокинони ноҳияи Спитамен ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ноболиғ Усмонов Ҳайдар Азимович, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи Спитамен ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст.
27-уми июли соли 2025, тахминан соати 08:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Шодиев Анушервон Дилшодович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Ҳисор-Душанбе”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда дари воситаи нақлёти мазкур кушода шуда аз дохилаш ҷияни хурдсолаш, Давлатова Бибиосия Равшановна, соли таваллудаш 2018, сокини ноҳияи Ёвон ва писараи хурдсолаш Шодизода Абдуллоҳ Анушервон, соли таваллудаш 2023, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба замин афтидаанд, ки дар натиҷа хурдсол Давлатова Б.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

28.07.2025 8:30
38