Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаи дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ариза марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе директори тиҷорати ҶДММ “Гавҳараки шарқ” ворид гардидааст, ки 25-уми июли соли 2025, тахминан соати 13:50-дақиқа, марди 57-солаи сокини пойтахт, ки аз соли 2022 то инҷониб ба ҳайси ронанда дар ширкати мазкур кору фаъолият менамояд, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоев назди бонки “Эсхата” қарор доштанаш, аз автомашинаи ширкати мазкур тамғаи “Тайота Ланд Крузер”, ки дар дохилаш 2 милион сомонӣ ба ҶДММ “Гавҳари шарқ” таалуқ доштаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбаршаванда дастгир карда шуд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

28.07.2025 8:28
39