Даст ба авбошӣ задани марди 50-сола
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 25-уми июли соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар маҳллаи Гулбута марди 50-солаи сокини ҳамон ҷо, ҳангоми дар ҳолати масти қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбоши бо ӯ муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда 1-маротиба ба қисмати пушти пойи чапи ҷабрдида зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















