Дастгир гардидани мард барои куштори писар
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 26-уми июли соли 2025, тахминан соати 10:00, писари ноболиғи 15-солааш барои содир намудани ҷинояти дуздии маблағҳои пулиаш дар ду ҳолат, бори аввал моҳи майи соли 2025 ба миқдори 800-сомонӣ, бори дуюм аввали моҳи июли соли 2025 ба миқдори 600-сомонӣ гумонбар донистааст. Барои ошкор ва иқрор намудан бо истифодаи зӯроварӣ писари ноболиғашро ба воситаи нақлиёти тамғаи “Тико”, савор карда ба ҷойи беодам, ба заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бурда аз ноқили тахминан 2 (ду) метра истифода бурда аз пойи писараш баста, самти дигари ноқили мазкурро дар қафои воситаи нақлиёташ баста тахминан 100-метр кашола кардааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин ҷисмонӣ бардошта дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат мерасад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















