Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои мардумфиребӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 52-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи май  то моҳи июни соли 2024, зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани писараш, дар якчанд марҳила 220 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳтарин тариқи шиносҳояш писарашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамояд, аммо ягон амалро иҷро накарда, ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинотяӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 35-солаи сокини шаҳри Истаравшан, 20-уми феврали соли 2025, тахминан соати 10:00, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи Зафаробод даромада, манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Фабрикии шаҳри Истаравшанро ҳуҷҷатгузори карда надода, аз ӯ 250 ҳазор сомониро гирифта, маблағҳои зикршударо ба эҳтиёҷоташ сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитси муайян карда шуд, ки марди 40-солаи сокини шаҳри Истаравшан 20-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 10:00, бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини ноҳияи Ашт даромада, бо ваъдаи аз ҳудуди Ҷумҳурии Қазокистон дастрас намудани масолеҳи сохтмонии чубу тахта, аз ӯ 210 ҳазор сомониро  гирифта, маблағҳои мазкурро ба эҳтиёҷоташ сарф намуда то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

26.07.2025 8:52
31