Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо хатмкардагони муассисаҳои таълимии ВКД
25-уми июли соли 2025 дар маҷлисгоҳи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо хатмкардагони муассисаҳои таълимии ВКД доир гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони ниҳодҳои гуногуни ВКД, омӯзгорону курсантони муассисаҳои таълимӣ ва сардорони баъзе аз шуъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҳамаи хатмкардагонро бо анҷоми муваффақонаи таҳсил ва оғоз намудани фаъолияти корӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ табрику таҳният гуфта, барояшон дар ҷодаи хизмати бошарафона ба халқу Ватан барору комёбиҳо таманно кард.
Мавриди қайд аст, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар таҳкими ирода ва рӯҳияи ватандӯстии кормандони ҷавон нақши муҳим бозида, онҳоро ба сӯи иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи субот, оромӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ раҳнамун месозад.

























