Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

23-юми июли соли 2025, тахминан соати 21:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Миров Маҳмадшо Амирович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада пиёдагард Қурбонова Бибирҷаб Бегназаровна, соли таваллудаш 1973, сокини ҳамин ноҳияро пахш намуда, боз дар автомашинаи тамғаи “Тойота-Карола”, ки таҳти идораи ронанда Холов Умед Файзалиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Дӯстӣ бархурдааст. 
Дар натиҷа пиёдагард, Қурбонова Б.Б. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

25.07.2025 8:44
45