Ифшо шудани як ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони азонихудкуни ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, аз соли 2021 то соли 2024 да вазифаи намояндаи савдои (маҳсулоти ширӣ) дар ҶДММ «Назар»-и ноҳияи Б.Ғафуров фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш маблағҳои фуруши маҳсулотҳои ҶДММ-и мазкурро аз мағозаҳо ҷамъовари карда, қисми маблағҳои ҷамъовардашударо ба хазинаи ҷамъият ворид намуда, боқимонда маблағи 370 ҳазору 787-сомониашро азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















