Боздошти гурӯҳи дуздон барои дуздии чорво ва маблағи пуллӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми июли соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳони ба оғилхонаи манзили истиқоматиаш даромада, аз онҷо 14-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 38 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 32 сола ва ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор бо номҳои Муҳаммад, Абдулло, Мубориз ном шахсон содир намудаанд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён аризаи марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 23-юми июли соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 16 ҳазору 200-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро зани 29-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















