Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми шунавандагону унвонҷӯён дар  Федератсияи Россия 

25-уми июли соли 2025 дар шаҳри Москва маросими хатми шунавандагону унвонҷӯёни Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия баргузор гардид, ки як зумра шаҳрвандони Тоҷикистон низ бомуваффақият ин Академияро хатм намуданд.
Маросими хатм бо даровардани байрақи давлатӣ ва байрақи Академияи ВКД Федератсияи Россия оғоз гардида, бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Кубышко Владимир Леонидович  баромад намуд.  
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ муаррифӣ намуда, хатмкунандагонро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрику муборакбод намуда, ба онҳо барору комёбиҳо таманно кард.
Мавриди қайд аст, ки Академияи идоракунии  ВКД Федератсияи Россияро 120 нафар хатм намуд, ки аз инҳо 11 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 30 нафарашон Академияи мазкурро бо дипломи аъло хатм намуданд. Аз он ҷумла, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликов Ҷовид Ҷаҳонгирович низ сазовори дипломи аъло гардид.
Бояд тазаккур дод, ки иштирокчиёни чорабинӣ пеш аз оғози маросими хатм аз Осорхона бахшида ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 80-солагии Ғалаба бар фашизм дидан намуда, таассуроти хотирмон бардоштанд.
Гул Маҳбуба

25.07.2025 17:05
72