Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Собиқадорони МКД дар вилояти Суғд сарҷамъ шуданд

Баргузории ҷаласаи васеъи ҳисоботии Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар 6 моҳи соли 2025 ин навбат дар вилояти Суғд санаи 21 июл ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар вазъияти хубу мувофиқ ташкил карда шуд. Бо ҳамин мақсад аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеъи марказ, вилояти Хатлон, минтақаи Рашт, вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва хадамоту раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД роҳбарон ва намояндагони шӯроҳои созмони собиқадорон санаи 20 июл ба вилояти Суғд ташриф оварданд. 
Дар рӯзи аввал барои собиқадорони мақомот бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд барномаи фарҳангӣ, сайру саёҳат дар минтақаҳои таърихӣ ташкил карда шуд. Саёҳати экологӣ аз минтақаи кӯҳӣ ва табиати сабзпӯши ноҳияи Шаҳристон оғоз ёфта, баъдан бо қарор гирифтан дар шаҳри Истаравшан ва дар идома шиносои аз Қалъаи таърихии шаҳри Хуҷанд ва осорхонаи вилоятӣ идома ёфт. Ба хусус, шиносоии мавзеъҳои навсозишудаи Қалъаи Хуҷанд, толорҳои бозгӯкунанда аз таъриху ниёгон, бозёфтҳои археологӣ, гӯшаҳои маълумотдиҳанда аз ҳунару фарҳанг, мусиқӣ, дастовардҳои илмӣ, таърихи дирӯзу имрӯзи Ватан ва ҳавлиҳои қадимаи Хуҷанди бостонӣ ба ҳайати собиқадорони милитсия - иштирокчиёни Пленуми ҳисоботии васеъи ҷумҳуриявӣ хело писанд омад. Маълумотҳои мукаммал аз ҷониби роҳбаладони қалъа ва осорхона ва дидани ашёву аёниятҳо, китоб, аксу мусаввараҳои таърихӣ, ашёву асбобҳои дар давраҳои таърихӣ истифодашаванда хотира ва ҷаҳонбинии меҳмоноро зиндаву ёдрас кард.
Қисмати расмии ҷаласаи ҳисоботӣ субҳи рӯзи 21 июл дар толори калони Раёсати ВКД баргузор гашт. Аъзоёни Созмони собиқадорони назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба ҳайати меҳмонон ҳамроҳ шуда дар ҷаласа иштирок намуданд ва доираи васеъи собиқадорони соҳа аз фаъолияти 6 моҳаи созмони мазкур  натиҷагирӣ карданд. Ҳамчунин дар чорабинии мазкур мушовири Вазири корҳои дохилӣ генерал - майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал - майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло иштироку суханронӣ карданд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки саҳми Созмон ва шӯроҳои он дар минтақаҳо дар тарбияи насли ҷавони милитсия ва сарпарастиву роҳнамоии кормандони амалӣ,  ошкору пешгирии кирдорҳои зидиҳуқуқӣ назаррас буда, дар тамоми сохтори ВКД омӯзиши таҷрибаи собиқадорон ба роҳ монда шудааст. Онҳо ҳамчун мактаби зиндаи омодасозии кадрӣ истифода мешаванд. 
Нахуст раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал - майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Кайюм баромад намуда аъзоёни Призидуми Пленуми навбатиро тарқи овоздиҳӣ интихобу муаррифӣ ва оид ба бурду бохти фаъолияти созмон дар давраи 6 моҳи сипаришудаи соли равон ба ҳозирин маълумот дод.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо Созмони собиқадорони МКД таҳти сарпарастии Вазири корҳои дохилӣ генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як ҷузъи муҳими сохтор ба ҳисоб рафта, пайваста собиқадорон аз таваҷҷуҳу ғамхорӣ бархурдор мебошанд. Ҳар як собиқадор бар он мекӯшад, то ин ки бо ҷонибдори аз сиёсати давлату ҳукумат дар тадбиқи барномаҳои давлатӣ саҳмгузор бошад. Насли ояндаи милитсияро барои дар иҷрои вазифа содиқ будан, риояи қонуният, масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани ҳисси иҷрочигӣ тарбия менамоянд. 
Айни ҳол дар сатҳи ҷумҳурӣ 14  971 нафар нафақахӯрон дар ҳайати Созмони собиқадорони МКД  муттаҳид гардидаанд. Ҳарчанд онҳо қаблан ҳангоми адои вазифа барои халқу ватан хизмати арзанда карда бошанд ҳам, имрӯз низ дар тартибу низом ва таъмини волоияти қонун ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ бетараф нестанд. Робитаи наздик бо насли имрӯзаи милитсия имконият медиҳад, ки собиқадорон дар ин самт муваффақ шаванд.
Созмони собиқадорони МКД- самти асосии фаъолияташ ба тарбияи насли ҷавон, ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷангу меҳнат, манфиатҳои ҳуқуқии онҳо, ёрӣ расонидан ба кормандони милитсия барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ равона карда шудааст.  Дар 6 моҳи сипаришудаи соли равон 203 маротиба бо ҳайати шахсӣ вохӯриҳо гузаронида, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба 2 843 нафар собиқадор кӯмаки моддӣ расонида шудааст таъкид намуд раиси Созмони собиқадорони МКД  Ҷурахонзода С, Қ.
Дар ҷаласа ҳисоботи раисон ва намояндагони шӯрои собиқадорони вилояти Суғд, минтақаи Рашт, Сарраёсати давлатии оташнишонӣ ва Маркази таълимии ВКД шунида шуд. Ҳифзи саломатии собиқадорон, шароити зист ва дигар омилҳои иҷтимоии ҳаёти иҷтимоии собиқадорон аз масъалаҳои асосие буд, ки дар ҷаласа муҳокима гардид.
Раиси Собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов, ки дар Пленуми собиқадорони ВКД иштирок дошт ташаббуси мақомоти милитсияро ҷиҳати ҷудо намудани ҳуҷраҳои корӣ ва воҳидҳои кории назорат ва пешбарандаии фаъолияти собиқадоронро як иқдоми наҷиб дар самти ғамхорӣ ва дастгирии насли калонсоли ҷомеа унвон кард. Зеро ба гуфти мавсуф дар шароити имрӯза бузургсолон ба чунин таваҷҷуҳ ниёз дошта, ҳар як дидорбиниву пурсу пос ба ҳаёти онҳо хуррамӣ мебахшад.
Ҳамзамон вобаста ба мавзӯъ мушовири Вазири корҳои дохилӣ генерал - майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич якчанд пешниҳоди дастурӣ, ки метавонад фаъолияти Созмони собиқадоронро боз ҳам мукммал ва самтҳои хизматбарии онро ҳадафрасу ҷоннок намояд иброз дошт. 
Дар идома сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал – майори милитсия Пирзода М. Қ., бо маърӯзаи ифодакунандаи арзи эҳтирому самимият нисбати собиқадорон баромад намуда, ба ҳар яки онҳо барои саҳм гузоштан дар фаъолияти милитсия ҷиҳати ҷорӣ будани назму тартибот, дареғ надоштани қувваю иродаи худ бо мақсади рушди малакаи касбии кормандони амалӣ сипосмандӣ намуд. Мавсуф собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро, омӯзгорони насли ҷавони милитсия ва таърихи зиндаи қаҳрамониву шуҷоат номид. Аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки таҷрибаи худро ба насли ҷавони мақомот биомӯзонанд.
Дар хотима бо фармоишҳои Вазири корҳои дохилӣ аз ҷониби раиси Созмони собиқадорони ВКД ва мушовири Вазир ба як қатор раисони Шӯроҳо ва нафарони ба фаъолияти собиқадорон таваҷҷуҳ дошта медали “Барои ҳамкорӣ бо ВКД” ва “Ифтихорномаи фахрӣ” супорида шуд.
Ҳамчунин бо ибтикори роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба ҳама иштирокчиёни Пленуми ҳисоботии васеъи ҷумҳуриявии Созмони собиқадорони ВКД  Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Иқдоми дигаре, ки дар доираи ҷаласаи ҳисоботӣ роҳандозӣ гардид аёдати собиқадорони дар ҳолати беморӣ қарор дошта буд. Нимаи дуюми рӯзи 21 июл ду нафар собиқадори сокини шаҳр Хуҷанд аёдат карда шуда, намояндагони шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсат ва  роҳбарияти Созмони собиқадорони МКД аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар гаштанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

25.07.2025 16:40
48