Пахши пиёдагард аз ҷониби ронандаи ноуҳдабаро
22-юми июли соли 2025, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Имомов Хушбахт Турақулович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Л.Шералии шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Муқимова Маҳбуба Қурбоновна, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Панҷакентро, ки роҳро убур мекард пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди Муқимова М.Қ. ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистари гардид. Пас аз як рӯз дар беморхона будан ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

















