Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолатҳои дуздӣ      

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквории “1001 майда чуйда” шуда, аз онҷо як миқдор маҳсулотҳои хӯроквории гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини пойтахт содир намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

24.07.2025 8:49
23