Дастгир гардидани марди 44-сола барои қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 22-юми июли соли 2025, тахминан соатҳои 22:30-дақиқа, ҳангоми дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар назди заминҳои кишоварзи қарор доштанаш, бо марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур байни як дигар муноқиша намуда, ҷабрдидаро бо мушт зарба зада, баъдан гумонбаршаванда бо корди ошхонагии бо худ дошта 12-маротиба ба бадани ҷабрдида зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















