Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми январи соли 2025, ҳангоми дар кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе қарор доштанаш мардони 44 ва 46-солаи сокинони пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи “БМВ Х-5”, ки арзишашон 370 ҳазор сомонӣ ва автомашинаи тамғаи “Алфа Ромео”, арзишаш 380 ҳазор сомониро ташкил медиҳад нархгузори карда гирифта, ваъда додаанд, ки маблағҳояшонро дар муддати 3-моҳ бар мегардонанд, аммо гумонбаршавандагон автомашинаҳоро фурухта 100 ҳазор сомониашро баргардонида боқимонда маблағҳои пулиро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Дар натиҷа ба ҷабрдида 650 ҳазор сомонӣ зарар  расонидаанд. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби ормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи ба тиҷорат машғул шудан ва овардани насосҳои обкаши аз Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ӯ 51 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

23.07.2025 8:25
22