Дастгир гардидани марди қаблан судшуда бо ҷурми тамаъҷӯӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 38-солаи сокини шаҳри Гулистон соли 2017 бо моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, моҳи майи соли 2024 бо зани 46-солаи сокини ноҳияи Спитамен тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шиносои пайдо намудааст.
Ҷабрдида дар вақтҳои гуногун ба воситаи шабакаи иҷтимои «Вотсап» видео-визов карда изҳори муҳаббат намуда, акс ва расмҳои бараҳнаи худро ба гумонбаршаванда ирсол менамояд, ки охирон онҳоро скриншот карда гирифта, бо мақсади тамаъҷӯӣ акс ва расмҳои ҷабрдидаро бо истифодаи таҳдид ва иръоб (шантаж) ва бо баҳонаи онҳоро несту нобуд кардан, аз ҷабрдида 1 ҳазор сомонӣ талаб намуда, 21-уми июли соли 2025, ҷабрдида бо воситаи «Душанбе Сити» маблағи пулии мазкурро интиқол додааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятии бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















