Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии роҳбарони амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша-супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои сардорон, муовинони сардорони ШВКД оид ба корҳои оперативӣ ва сардорони ШКҶ-ҳои шаҳру ноҳияҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, марҳилаи 7-юми он гузаронида шуд.
Баъд аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддат шунавандагон дар назди комиссияи босалоҳият, ки роҳбарии онро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бар уҳда дошт, аз санҷиш гузаронида шуда, ба иштирокчиён сертификат дода шуд.
Марҳилаи ҳаштуми курсҳои кӯтоҳмуддат оғоз гардида, ин иқдом доимӣ ба роҳ монда мешавад.


















