Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани як гурӯҳ бо гумони ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи Қубодиён муроҷиат намудааст, ки 21-уми июли соли 2025, тахминан соати 05:00, дар кӯчаи Қаҳоров қарор доштанаш шахсони номаълум ӯро зери лату куб қарор дода аз ҷайбаш як адад телефони мобилии тамғаи “Хонер-10” ки арзишаш 1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Исроил ном шахс бо ду ҳамаслаки ноболиғони 15-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе содир намудаанд.
Инчунин гумонбаршавандагон 21-уми июли соли 2025, тахминан соати 05:00, ҳангоми дар кӯчаи Қаҳоров қарор доштани марди 49-солаи сокини ноҳияи Қубодиён шахсони номаълум ӯро зери лату куб қарор дода аз ҷайбаш як адад телефони мобилии тамғаи “Нокия” ки арзишаш 110-сомониро ташкил медиҳад тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

22.07.2025 8:32
14