Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лату кӯб намудани якдигар дар натиҷаи баҳс 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Левакант бо ҳамроҳии аъзои оилаашон барои расонидани кумаки ҷамъоварии ҳосили дарахтони пистаи хоҷагии ҷангали амакаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш рафта, ҳангоми ҷамъоварии писта, бо марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур баҳс каарда, якдигарро лату куб менамоянд, ки дар натиҷа ба саломатии якдигар зарарҳои вазнини ҷисмонӣ расонидаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

22.07.2025 8:24
39