Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиноварони кишвар дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши намудҳои обӣ иштирок мекунанд

22-юми июли соли 2025 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон мебошад, бо варзишгарони шиновар доир гардид.
Мавриди қайд аст, ки аз 23 июл то 3 августи соли 2025 дар давлати Сингапур Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши намудҳои обӣ баргузор мегардад.
Дар чемпионати мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро 2 нафар варзишгарон Пилкевич Захар ва Гадоев Ардашер муаррифӣ менамоянд.
Зимни суҳбати самимӣ бо шиноварони кишвар Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Ҳукумати мамлакат андешаронӣ намуд.
Вазири корҳои дохилӣ дар интиҳои мулоқот варзишгаронро ба ватандӯстию ватанпарварӣ ҳидоят карда, ба онҳо дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ барору муваффақиятҳо таманно намуд.
Гул Маҳбуба

22.07.2025 21:12
88