Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду дучархарон дар садамаҳои нақлиётӣ

18-уми июли соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Нурматов Қурбоналӣ Элмуродович, соли таваллудаш 1999, бо сокини ноҳияи Панҷ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи мазкур қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, бо мототсикл таҳти идораи Давлатов Сироҷиддин Саидбекович, соли таваллудаш 2005, сокини ҳамин ноҳия бархурдааст. 
Дар натиҷа мототсиклрон Давлатов С.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
19-уми июли соли 2025, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Супиев Аҳмадҷон Ҳошимович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Ашт ҳангоми ҳаракат ба самти ҷамоати деҳоти Ифтихории ноҳияи Ашт дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Ғудоси ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Қодиров Абдуваҳоб, соли таваллудаш 1940, сокини ноҳияи Аштро пахш кардааст.
Дар натиҷа дучархарон Қодиров А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар роҳ ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

21.07.2025 8:51
27