Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз     

17-уми июли соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашини тамғаи “Камаз-43118-10”, Ашуров Зубайдулло Назаралиевич, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ВМКБ, дар роҳи мошингарди ноҳияи Восеъ, муқобили самти ҳаракат баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Сироҷиддини Абдулло, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ қарор дошт, бармехурад, ки дар натиҷа худи ронанда Сироҷиддини А ва мусофирони автомашина Садбарги Ибрагим, соли таваллудаш 1994, писараш Ҳасанов Шермуҳаммад Бахтиёрович, соли таваллудаш 2020, сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ба саломатиашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Сипас, ҳангоми фаровардани мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, аз самти шаҳри Душанбе  автомашини тамғаи “Камаз-5511”, таҳти идораи Ибодуллоев Убайдулло Зубайдуллоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Фархор қарор дошт, бо автомашинаи тамға “Опел-Астра” таҳти идораи Хоҷаев Қаландар, соли таваллудаш 1950, сокини ноҳияи Муъминобод қарор дошт бархурда, аз он гузашта Солиҳов Салимбой Ҳалимович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Панҷакент ва ноболиғ, Ҳасанов Шермуҳамадро зер карда баъдан бо автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, таҳти идораи Каримов Фирӯзҷон Акрамхонович, соли таваллудаш 1997, сокини швҳри Кӯлоб қарор дошт бармехурад, ки дар натиҷа Солиҳов С.Ҳ ва ноболиғ, Ҳасанов Шермуҳаммад Бахтиёрович дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Мусофирони автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, Каримова Гулистон, соли таваллудаш 1980, Каримова Малоҳат, соли таваллудаш 1989, Дилшоди Акрамхон, соли таваллудаш 1990, Саидзода Сафараҳмад, соли таваллудаш 2001, сокинони ноҳияҳои Ҳамадонию Дангара ва шаҳри Кӯлоб ба саломатиашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

17-уми июли соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Зоиров Акбар Ҷавлиевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Вахш, ки аз самти шаҳри Левакант ба самти шаҳри Бохтар ҳаракат мекард, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Ғуломов Музафар Раҷабович, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Кӯшониёнро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа Ғуломов М.Р. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия  ронанда дастгир карда шуд.

Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

19.07.2025 8:21
49