Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дар кӯчаи Борбад бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ як маротиба бо корди дар дасташ буда ба бадани ноболиғи 15-солаи сокини пойтахт зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта айни ҳол дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















