Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронанда

16-уми июли соли 2025, тахминан соати 22:37-дақиқа, ронадаи  автомашинаи тамғаи “Опел Зефира”, Қаҳҳоров Умедҷон Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Рашт-Обигарм дар ҳудуди ноҳияи Нуробод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи қисмати чапи роҳ ба ҷарии тахминан 60-70-метр ба соҳили дарёи Вахш чаппа шуда, ба дарахтону сангҳои он ҷо бархӯрдааст. 
Дар натиҷа худи ронандаи автомашинаи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

18.07.2025 8:45
28