Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба дуздӣ задани ноболиғ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, 27-уми июни соли 2025, тахминан соати 03:00, дар манзили истиқоматии зани 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд қарор дошта, аз фурсати мусоид  истифода намуда, бо роҳи пинҳонӣ 2-адад телефони мобилии тамғаҳои «Самсунг-А05 С» ва «Инфиникс Смарт-8» ва тариқи онлайн вориди ҳомёни электронии «Душанбе-Сити»-и охирон гашта, аз дохили он маблағи 2 ҳазору 318-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Дар натиҷа ба ҷабрдида 5 ҳазору 818-сомонӣ зарар расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

18.07.2025 8:42
34