Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати зан барои савдои одамон

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони савдои одамон дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи феврали соли 2022, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шахси номаълум бо номи «Асал» ва дигарон, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия манзили истиқоматиро ба иҷора гирифта, зани 44-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ҷалб ва дар суроғаи боло зикргардида ба мардони сину сол ва миллаташон гуногун фурӯхта, зери истисмори шаҳвонӣ қарор додааст. 
Инчунин  гумонбаршаванда такроран моҳи сентябри соли 2023, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо «Катя» ном шахси номаълум дар ҳудуди шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор дошта ҷабрдидаро бо мақсади истисмори шаҳвони ҷалб карда, 15-уми сентябри соли 2023, ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия фиристода, дар хонаи иҷоравии суроғаи шаҳри Москва ҷойгир карда, то аввали моҳи октябри соли 2023 ба мардони сину сол ва миллаташон гуногун фурӯхта, зери истисмори шаҳвонӣ қарор додааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи-1 қисми 2 моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

18.07.2025 8:41
52